
Нольпаза – сӯзиши меъдаро барои муддати тулонӣ хомӯш мекунад.
- Аломатҳои зардаҷӯш (сӯзиши сари дил)-ро таскин медиҳад
- Таъсираш 24 соат давом мекунад
- Фақат 1 ҳаб дар як рӯз кифоя аст
Бемории рефлюксии гастроэзофагеалӣ ( БРГЭ ё ГЭРБ) бемории паҳншудаи рӯдаи ҳозима буда, аз таъсири он 20–30% -и аҳолии кишварҳои пешрафта азият мекашанд.
БРГЭ – ин воридшавии аз меъёр зиёди туршии меъда ба сурхрӯда (қисми роҳи ҳозимаи байни гулӯ ва меъда) аст. Аломатҳои маъмултарини БРГЭ зардаҷӯш ва оруғ задан мебошанд.

Меъдаи солим

БРГЭ
Зардаҷӯш эҳсоси нороҳатӣ ва сӯзиш дар паси устухони сари сина дар қисми бадан аст, ки он ҷо сурхрӯда ҷойгир мебошад.
Регургитатсия (баргашти ғизо) – ҳаракати беихтиёри хӯрок аз меъда ба сурхрӯда бидуни рефлекси қай кардан аст.
Зардаҷӯш ва оруғ задан метавонад бо таъми турш ё талх дар даҳон, бӯи бад аз даҳон, истифроғ (ворид шудани хӯроки дар меъда қарордошта) ба даҳон, қайкунӣ, сӯзиши забон ва захмҳои даҳон (афта) ҳамроҳ ба амал ояд.
Алоими рефлюкси гастроэзофагеалӣ дар байни аҳолии ҷавони фаъол торафт бештар вомехӯранд. Дар даҳсолаи охир, ҳиссаи беморони ҷавони гирифтори БРГЭ, бахусус онҳое, ки синнашон аз 30 то 39 аст, меафзояд.
Миқдори хавфноки зардаҷӯшӣ
Одамоне, ки БРГЭ (GERD)-ро беш аз як бор дар як ҳафта аз сар мегузаронанд, бояд бо доруҳое ба монанди ингибиторҳои насоси протонӣ (ИНП ё PPI), ки бе дорухат дастрасанд, табобат гиранд. Ин доруҳо пайдошавии барзиёди кислотаи хлоридро кам мекунанд. Агар аломатҳои зуд-зуд зуҳурёбанда шадид (сахтазиятдиҳанда) набошанд, Созмони ҷаҳонии гастроэнтерология ду ҳафтаи табобатро бо ИНП-ҳои бе дорухат дастрас (харида)-шаванда, дар баробари тағйир додани тарзи ҳаёт ва парҳез тавсия медиҳад.
Оё Шумо медонистед?
Ҳар сеюмин шахси калонсол ҳадди ақал як маротиба дар як ҳафта бо нороҳаптии меъда рӯ ба рӯ мешавад өткереді.
Зардаҷӯши рӯзона ва шабона
Аломатҳои зардаҷӯш, ки шабонарӯзӣ зуҳур меёбанд, метавонанд зиндагии ҳар шахсеро, ки онро аз сар мегузаронад, хеле душвор намуда, гузаштани рӯзу шабро мушкил созанд.

Сифати зиндагӣ: қариб 40% одамон бовар доранд, ки зардаҷӯш ба ҳаёти оилавии онҳо таъсир мерасонад. Хӯроки умумии оилавӣ ва ташриф ба тарабхонаҳо яке аз муаммоҳои асосии беморони гирифтори чунин нишонаҳо мебошанд. Онҳо аксар вақт аз муоширати якҷояи тановули хӯрок канораҷӯйӣ мекунанд.

Хоб. Хоби зиёда аз 60% -и беморонро зардаҷӯши шабона халалдор карда, ба фаъолияти рӯзи дигари онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бархе аз онҳо ҳамчунин аз сабаби сулфаи музмин, ки дар натиҷаи баргашти маводди турши меъда ба сурхрӯда ё даҳон (регургитация) рух медиҳад, аз хоб маҳрум мешаванд.

Маҳсулнокӣ. Норасоии хоб метавонад қувваю неруи одамро кам кунад, ки инро шумо аз шалпар шудан, хастагӣ, камаҳамият шудан ва коҳиши тамаркуз мушоҳида хоҳед кард. Ин ба маҳсулнокии одам дар хона ва рӯзи дигар дар ҷои кор таъсир мерасонад.
Оё Шумо медонистед?
Беморони мубталои БРГЭ ҳолати зиндагии худро мушобеҳи ҳолати беморони мубталои бемориҳои дилу раг ё диабет ё бадтар аз он арзёбӣ мекунанд.
Идоракунии зардаҷӯшӣ.
Та Тағйироти реҷаи хӯрокхӯрӣ. Ғизоҳо ва нӯшиданиҳое, ки метавонанд зардаҷӯшро ба вуҷуд оранд.

Шири комил (табиӣ). Шири шоколадӣ

Сабзавоти бирён. Соусҳои сабзавотӣ. Помидор, бодиринги шӯр ва дигар консерваҳо

Лимӯ, афлесун, грейпфрут, ананас

Чарбу ва пӯсти паранда, маҳсулоти ҳасибӣ, равғани думба /бекон

Фастфуд (ғизои тезтайёр), ҳамаи равғани ҳайвонот ва рустанӣ.

Шоколад, пудина, шириниҳои бирёншуда (масалан, чак-чак, қандинаҳо).

Нӯшокиҳои спиртӣ, қаҳва бо кофеин ё бе он, чойи сиёҳ ё кабуди баланд, нӯшокиҳои газдор.

Шӯрбоҳои турш, шӯрбоҳои қуюқи гӯшти гов ва мурғ.

Адвиёт ба монанди қаламфур, сирпиёз ва мурчи сиёҳ.
Нигоҳ доштани вазн. Нигоҳ доштани вазни муътадил метавонад фишорро ба шикам кам кунад ва фаъолияти сфинктери поёнии сурхрӯда (СПС)-ро беҳтар созад.
Тағйири тарзи зиндагӣ: худдорӣ аз хӯроки зиёд, пас аз хӯрок фавран нахобидан ва баланд кардани болишти таги сар, метавонад ба пешгирии нишонаҳои сӯзиши сари дил ва рефлюкс мусоидат кунад.
Аз тамокукашӣ худдорӣ кунед: тамокукашӣ кори сфинктери поёнии сурхрӯда (СПС), мушакеро, ки фосилаи байни сурхрӯда ва меъдаро назорат менамояд, заиф мекунад. Вақте ки СПС заиф мешавад, туршӣ (кислота)-и меъда ва дигар маводҳо метавонанд ба сурхрӯда баргашта, боиси зардҷӯш ва нороҳатии одам гарданд.
Доруҳо. Доруҳои бидуни дорухат фурӯхташаванда метавонанд ба кам кардани ҳосилшавии кислотаи меъда ва рафъи нишонаҳо мусоидат кунанд.
Агар нишонаҳо дар як ҳафта беш аз як маротиба пайдо шаванд, истеъмоли доруи зидди туршӣ (кислота) метавонад на ҳама вақт роҳи ҳалли қаноатбахш бошад, зеро он танҳо сабукии кӯтоҳмуддат дода, миқдори туршии пайдошавандаро кам намекунад. Вобаста аз зуд-зуд зоҳиршавии нишонаҳо, дорусозон ё табибон метавонанд якҷоя кардани тағйироти тарзи ҳаёт ва табобатро бо ингибитори насоси протонӣ (ИНП ё PPI) тавсия диҳанд, ки ихроҷи туршии меъдаро кам карда, ба ин васила рафъи дарозмуддати нишонаҳоро таъмин мекунад. ИНП доруҳои муассир (хубтаъсир) барои назорат кардани ихроҷи туршӣ (кислота)-и меъда мебошанд.

Доруи Нольпаза чи гуна таъсир мерасонад
Доруи Нольпаза дар таркибаш моддаи фаъоли таъсиркунандаи пантопразол дорад. Пантопразол ба гурӯҳи ингибиторҳои насоси протони (ИНП ё PPI) мансуб буда, мустақиман ба K+/H+ AT фаза (насоси протонӣ) пайваст мешавад ва ҷараёни воридшавии ионҳои H+-ро ба дохили меъда бозмедорад. Ингибиторҳои насоси протонӣ марҳилаи ниҳоии ихроҷи кислотаи хлоридро дар ҳуҷайраҳои париеталӣ хомӯш (пахш) намуда, бо ин васила назорати онро таъмин мекунанд. Онҳо яке аз доруҳои босамар ва бехатар мебошанд, ки барои табобати дарозмуддати нишонаҳои зардаҷӯш истифода мешаванд. Танҳо як ҳаб дар як рӯз самаранокии 24-соатиро таъмин намуда, зуд-зуд зоҳиршавии нишонаҳои зардаҷӯшро кам мекунад.

Сабаби зардаҷӯш аз ҳад зиёд воридшави (рефлюкс)-и шираи меъда ба сурхрӯда мебошад. Тамоси тулонии маводди турши меъда бо луобпардаи сурхрӯда метавонад боиси осебёбии он гардад. Ин осеб маъмулан бо зардаҷӯш якҷо пайдо мешавад.

Доруи Нольпаза ҷойи ихроҷи туршии меъдаро назорат менамояд. Туршии меъдаро ҳуҷайраҳои париеталии меъда ҷудо мекунанд. Пантопразол насосҳои протониро дар ин ҳуҷайраҳо боздошта, ба ин васила мустақиман ихроҷи кислотаи меъдаро назорат мекунад.

Доруи Нольпаза назорати зардаҷӯшро самаранок таъмин мекунад. Аксари беморон дар давоми 2-4 ҳафтаи табобат камшавии зардаҷӯшро эҳсос мекунанд.
Тавсияҳо барои истифода
Нольпаза доруест, ки барои табобати кӯтоҳмуддати нишонаҳои рефлюкс (масалан, зардаҷӯш, оруғ задани турш) дар беморони калонсол тавсия дода мешавад.
Як ҳаб 20 мг пантопразол дорад.
Меъёри истифода
Меъёри истифодаи пантопразол дар як рӯз 20 мг (1 ҳаб) тавсия дода мешавад.
Миқдор ва замони истифода
Миқдори тавсияшудаи Нольпаза дар як рӯз 20 мг як маротиба аст. Ҳабҳои 20 мг-ии Нольпазаро хоидан ё газидан мумкин нест, балки бояд пурра фурӯ бурда, миқдори зиёди обро нӯшидан зарур аст. Доруро пеш аз ғизохӯрӣ истеъмол бояд кард.
Муддати дармон
Барои таскини алоим (аломатҳо) шояд доруро дар муддати 2–3 рӯз истифода бурдан зарур шавад.
Пас аз комилан аз байн рафтани нишонаҳо табобат бояд қатъ карда шавад.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Агар алоим пас аз 2 ҳафтаи табобати мунтазам идома ёбанд ва дар нишонаҳо беҳбудие мушоҳида нагардад, ба духтур муроҷиат бояд кард.
Бе машварати духтур табобат набояд беш аз 4 ҳафта идома ёбад.
Муҳим аст, ки доруро мунтазам истеъмол кунед, зеро он ҷудошавии турширо ба мувозинат оварда, такроршавии нишонаҳоро пешгирӣ мекунад. Барои рафъи дарозмуддати нишонаҳо, бо меъёри як ҳаби Нольпаза дар як рӯз дар давоми 14 рӯз истеъмол кунед.
Саволҳое, ки аксар вақт дода мешаванд
Доруи Нольпаза 20 мг пантопразол дорад, ки он моддаи комилан озмоишшуда ва босамар буда, солҳост мавриди истифода қарор дорад. Бехатарии он дар таҳқиқоти сершумори клиникӣ тасдиқ шудааст. Нольпазаро аз дорухона бидуни дорухат харидан мумкин аст. Нольпаза барои одамоне мувофиқ аст, ки зуд-зуд зардаҷӯширо аз сар мегузаронанд, аммо дигар нишонаҳои ғайриоддӣ ё нигаронкунанда, ба монанди кам шудани вазни беихтиёри бадан, қай кардан бо хун, наҷосати сиёҳ ё хун дар наҷосат, душвории фурӯ бурдан ғизо ё ҳангоми фурӯ бурдани ғизо дарди гулӯ надоранд.
Антасидҳо кислотаи меъдаро безарар мегардонанд. Онҳо зудамал мебошанд, аммо таъсирашон кӯтоҳмуддат аст (аз 1 то 3 соат), бино бар он, онҳоро дар як рӯз чандин маротиба (аз 4 то 5 бор) бояд истеъмол кард ва тахмин кардан ғайриимкон аст, ки кислота шабона безарар карда шавад. Таъсири ингибиторҳои насоси протонӣ (масалан, доруи Нольпаза) каме дертар амал мекунад, аммо таъсирашон дарозтар аст, зеро онҳо ихроҷи шира (кислота)-и меъдаро самараноктар коҳиш медиҳанд. Онҳоро маъмулан фақат як бор дар як рӯз истеъмол кардан лозим аст, зеро таъсирашон шабонарӯзӣ мебошад.
Доруи Нольпаза яке аз ингибиторҳои насоси протонӣ аст, ки ба туфайли таъсири мушаххаси худ, нисбат ба дигар доруҳои бе дорухат фурӯхташаванда таъсири дарозмуддат медиҳад. Моддаи амалкунандаи фаъол–пантопразол, дар ҷойи ҷудошавии кислотаи меъда амал карда, фаъолияти насоси протониро бозмедорад ва бо ин васила назорати дарозмуддати зардаҷӯширо амалӣ мекунад. Танҳо як ҳабл самаранокии 24-соата ва рафъи дарозмуддати нишонаҳои зардаҷӯширо таъмин мекунад.
Ин дору барои таскини фаврӣ истифода намешавад. Барои оғози таъсири дору чанд соат вақт зарур буда, коҳиши ихроҷи кислотаи меъда дар тули 24 соат идома мекунад. Коҳиши шадидияти зардаҷӯшии аксари беморон дар давоми як рӯз пас аз истеъмоли дору ё аз ҳама дер дар давоми чанд рӯз ба амал меояд .
Нольпазаро тақрибан 30 дақиқа пеш аз ғизо, беҳтараш пеш аз наҳорӣ истеъмол кардан тавсия дода мешавад. Ҳабҳоро бояд пурра бо миқдори ками об фурӯ бурд. Онҳоро хоидан, майда кардан ё тақсим кардан мумкин нест.
Самаранокии таъсири ингибиторҳои насоси протонӣ бо истифодаи тулонӣ коҳиш намеёбад.
Ҳангоми мавҷудияти нишонаҳои маъмулӣ, доруро ду ҳафта истеъмол кардан мумкин аст. Агар пас аз ду ҳафтаи истифодаи бефосила нишонаҳо беҳтар нашаванд, бояд ба духтур муроҷиат кард.
Агар зардаҷӯшӣ шадид шуда, муддати дароз идома ёбад ва шумо пас аз ду ҳафтаи табобати мустақилона сабукӣ ҳис накунед, бояд ба духтур муроҷиат намоед. Агар шумо ягон нишонаҳои ғайриоддӣ ё нигаронкунанда, ба монанди кам шудани вазни беихтиёри бадан, қай кардани хун, наҷосати сиёҳ ё хун дар наҷосат, душворӣ ҳангоми фурӯ бурдани ғизо ё ҳангоми фурӯ бурдан дардро эҳсос кунед, ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Агар истеъмоли навбатии дору фаромуш шуда бошад, вояи тавсияшудаи навбатиро рӯзи дигар дар вақти муқаррариаш истеъмол кунед.
Агар шумо дар чанд рӯзи аввали дармон, сарфи назар аз истеъмоли Нольпаза зардаҷӯширо эҳсос кунед, шумо метавонед иловатан доруҳои антасидҳо-ро истеъмол кунед. Антасидҳо зуд туршии муҳитеро, ки дар он амал мекунанд, коҳиш медиҳанд, аммо бар хилофи ингибиторҳои насоси протонӣ, онҳо ихроҷи кислотаро қатъ намекунанд.
Бе дорухати духтур фурӯхта мешавад. Ҳолатҳои манъи истеъмол дорад. Лутфан, пеш аз истифода бо дастурҳои истифодаи тиббӣ шинос шавед.


