Гулӯи  шумо дард, сӯзиш ё хориш мекунад?

Қурси макидании
Спрей

Септолете тотал.
Интихоби дуруст ҳангоми пайдо шудани аввалин аломатҳои дарди гулӯ.

Омезиши ду моддаи фаъол барои таъсири  фаврӣ  ва таскини комили гулӯдард.

Дардро зуд таскин медиҳад

Вақте ки гулӯятон дард мекунад,  шумо ба таскини фаврӣ ниёз доред. Септолете тотал дар таркибаш бензидамин гидрохлорид, молекула бо сохтори кимиёии ғайристероидӣ дорад, ки  хусусиятҳояш зиддиилтиҳобӣ ва бедардкунанда  мебошанд. Септолете тотал зуд таскин бахшида,  дардро дар тули 15 дақиқа бартараф мекунад ва таъсири онро то 3 соат нигоҳ медорад.

Илтиҳобро коҳиш медиҳад

Оё медонед, ки илтиҳоб аксар вақтҳо сабаби дарди гулӯ мешавад? Бино бар ин барои самарабахшии давои дарди гулӯ бояд маҳсулотеро интихоб кард, ки илтиҳобро низ шифо бахшад.  Барои пешгирии ташаккули маводди равандҳои илтиҳобиро авҷдиҳанда, Септолете тотал бо бензидамин гидрохлорид дард  ва  аломатҳои  илтиҳоб (сурхшавии пардаи луобии гулӯ, варам ва сӯзиши гулӯ)-ро кам мекунад.

Сабаби сироятро аз байн мебарад

Дарди гулӯро вирусҳо ё бактерияҳо ба вуҷуд оварда  метавонанд. Септолете тотал дорои зиддисептики хлориди сетилпиридиний аст, ки барои маҳви  микроорганизмҳо самаранок буда, паҳншавии сироятро пешгирӣ мекунад. Самаранокии он барои нобуд кардани  вирусҳо, бактерияҳо ва занбӯруғҳо собит шудааст.

Септолете тотал давои ФАВРӢ ва таъсири дарозмуддат мебахшад(1)

  • Таскини дард ҳамагӣ дар тули 15 дақиқа.
  • Таъсири муфидаш то 3 соат давом мекунад

Таркиби беназир бар зидди гулӯдард

Гидрохлориди бензидамин Дардро таскин мебахшад ва илтиҳобро коҳиш медиҳад

Хлориди сетилпиридиний Сабаби сироятро аз байн мебарад.

Омодаед ягон чизи навро бисанҷед?

Гулӯдарди худро бо таъми хушмаззаи кола таскин диҳед.
Септолете тотал коларо интихоб кунед.

МАҲСУЛОТ

Яке аз ду шакли доруро интихоб кунед:

Қурси макидании
Септолете тотал

  • Зуд шифо мебахшад ва таъсири хуби тулонӣ дорад
  • Фурӯ бурданро осонтар мекунад
  • Таъми гуворо ва дилпазир дорад

БЕ ҚАНД

БА ТАВРИ КЛИНИКӢ ИСБОТ ШУДААСТ(1)

Қурси макидании Септолете тотал-ро чӣ гуна истифода бояд кард?

Ин қурсҳои макиданӣ ҳангоми пайдоиши аввалин нишонаҳои дарди гулӯ, чӣ хориш, сӯзиш ё дард, барои истифода муносибанд.  

Беҳтар аст онҳоро дар давоми рӯз истифода кунед, зеро онҳо ба оромӣ дар даҳон ҳал мешаванд ва барои гулӯдард таскини дарозмуддат мебахшанд.

Кудакони аз 6 то 12 сола
  • Меъёри тавсияшаванда – 1 қурси макиданӣ ҳар 3–6 соат.
  • Дар як руз ҳадди аксар 3 қурси макиданиро метавонед истифода кунед.
  • Қурси макиданӣ бояд дар даҳон ба оромӣ, оҳиста-оҳиста ҳал шавад.
  • Ҳангоми истифодаи дору ва чандин дақиқа пас аз он аз нӯшидани моеот худдорӣ кунед.
Наврасони синнашон аз 12-сола боло ва бузургсолон
  • Меъёри тавсияшаванда – қурси макиданӣ баъди ҳар 3–6 соат.
  • Дар як рӯз ҳадди аксар 4 қурси макиданиро истифода кардан мумкин аст.
  • Қурси макиданӣ бояд дар даҳон ба оромӣ ҳал шавад.
  • Ҳангоми истифодаи дору ва чандин дақиқа пас аз он аз нӯшидани моеот худдорӣ кунед.

Маззаи дӯстдоштаи қурси макидании худро интихоб кунед

Септолете тотал
эвкалипт

ДАСТУРУЛАМАЛИ ИСТИФОДАРО БИХОНЕД

Септолете тотал
лимӯ ва асал

ДАСТУРУЛАМАЛИ ИСТИФОДАРО БИХОНЕД

Септолете тотал
лиму ва малисо (бузина)

ДАСТУРУЛАМАЛИ ИСТИФОДАРО БИХОНЕД

Спрей
Септолете тотал

  • Истифодааш осон ва зуд
  • Ба шумо имкон медиҳад, ки бештар онро нафас кашед (истиншоқ бизанед)
  • Муҳлати истифода пас аз 12 моҳи боз кардани спрей ба охир мерасад

ДАСТУРУЛАМАЛИ ИСТИФОДАРО БИХОНЕД

Септолете тотал-ро чӣ гуна истифода бояд кард?

Спрей ҳам барои истифодаи рӯзона ва ҳам шабона муносиб буда, имкони корбурди фаврӣ ва ба миқдори ками онро осон мекунад. Он паҳншавии васеи доруро дар ҷойҳои дардноки даҳон ва гулӯ таъмин менамояд.

Кудакони аз 6 то 12 сола
  • Меъёр( доза)-и тавсияшуда: 1 бор пошидан баъди ҳар 2 соат.
  • Истифодаи доруро то 3-5 бор дар як рӯз такрор кардан мумкин аст.
  • Ҳангоми дорупошӣ боздоштани нафаскашӣ тавсия дода мешавад.
  • Дар вақти истифода аз дору ва дар тули чанд дақиқаи пас аз он аз нӯшидани моеот худдорӣ бояд кард.
Наврасони синнашон аз 12 -сола боло ва бузургсолон
  • Меъёр (доза)-и тавсияшуда: 1-2 бор пошидан баъди ҳар 2 соат.
  • Истифодаи доруро то 3-5 бор дар як рӯз такрор кардан мумкин аст.
  • Боздоштани нафаскашӣ ҳангоми дорупошӣ тавсия дода мешавад.
  • Дар вақти истифода аз дору ва дар тули чанд дақиқаи пас аз он аз нӯшидани моеот худдорӣ бояд кард.

Бо сабабҳои гулӯдард ошно шавед.

Гулӯятон хориш дорад? Шумо сӯзиши гулӯро ҳис мекунед? Ё акнун дард пайдо шуд?

Гулӯдард метавонад ногаҳон пайдо шавад, илтиҳоб ва дардро маъмулан сироятҳо ё омилҳои муҳити зист ба вуҷуд меоранд. 

Вирусҳо омили беш аз  95% ҳолати дарди гулӯ мешаванд. (2)

  • Сироятҳои бактериявӣ ҳамчунин омили он шуда метавонанд.
  • Дигар сабабҳои маъмул аз зерин иборатанд:  тағйири ҳарорати муҳити зист, ҳавои гарму хушк дар дохили бино, чангу ғубор  ва олудагии ҳаво, сухангӯиҳои зиёд ё фарёд заданҳо, ҳамчунин омилҳои аллергиякунанда (таби хушк).

Гулӯдард метавонад ногаҳон пайдо шавад, дар айни ҳол илтиҳоб ва дардро маъмулан сироятҳо ё омилҳои муҳити зист ба вуҷуд меоранд. 

Септолете тотал чӣ гуна кумак мерасонад?

Таркиби беназир рафъи фаврии дард, сӯзиш, хориш ё сӯзиши гулӯро таъмин мекунад.

СИРОЯТ

Дарди гулӯ, маъмулан аз сирояте оғоз меёбад, ки вирусҳо ё бактерияҳо ба вуҷуд меоранд.

Хлориди сетилпиридиний зуд сабаби сироятро бартараф мекунад ва бо ин васила таъсири  вирусиро, ки метавонад ба ҷойҳои сироятнаёфтаи гулӯ асар кунад, кам мекунад.

ИЛТИҲОБ

Сироятёбии луобпарда ба инкишофи илтиҳоб мусоидат мекунад. Варам, сурхӣ ва эҳсоси сӯзиш пайдо мешавад.

Хлориди бензидамин ба гурӯҳи доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ мансуб аст. Ба ғайр аз бартараф кардани дард, он ҳамчунин илтиҳобро коҳиш дода, дарди гулӯро зуд аз байн мебарад.

ДАРД

Дарди гулӯро аксар вақтҳо илтиҳоб ба вуҷуд меорад.

Ҳлориди Сетилпиридиний ва хлориди бензидамин якҷоя сабаби сироятро рафъ карда, илтиҳобро коҳиш медиҳанд ва дардро бартараф мекунанд.

ГУЛӮИ СОЛИМ

Сироятҳо, илтиҳоб ва дард бо  ёрии Септолете тотал самараноктар муолиҷа карда мешаванд.

Ба туфайли омезиши беназири унсурҳои фаъол, Септолете тотал барои таскину рафъи гулӯдард таъсири сегонаи фаврӣ расонда, офияти дарозмуддатро таъмин мекунад.

Посухҳо ба саволҳое, ки дар бораиСептолете тотал аксар вақтҳо медиҳанд

Он чӣ гуна амал мекунад?

Септолете тотал барои зуд ва ба муддати тулонӣ  бартараф кардани гулӯдард ду унсури фаъолро муттаҳид мекунад. Ин ҳангоми пайдошавии аввалин аломатҳои дарди гулӯ ва илтиҳоб интихоби дуруст аст.

Септолете тотал дорои  бензидамин аст, ки дардро таскин дода, илтиҳобро коҳиш медиҳад, ҳамчунин сетилпиридиний дорад, ки сабаби сироятро бартараф месозад. Ин ду унсур ба таври муштарак  таъсири хуб мерасонанд:

  • Таъсири зиддисептикӣ– барои нобуд кардани омилҳои сироятӣ кумак мекунад,
  • Таъсири аналгетикӣ – дардро зуд таскин мебахшад,
  • Таъсири зиддиилтиҳобӣ – илтиҳоб ва варамро коҳиш медиҳад.

Онро чӣ гуна истифода бояд кард?

Доруро аз 7 рӯз бештар истифода накунед. Агар нишонаҳо бадтар шаванд ё пас аз 3 рӯз аз байн нараванд, ё дигар аломатҳо, ба монанди табларза пайдо гарданд, ба духтур муроҷиат кунед. Ҳамчунин, агар ҳолати беморӣ такрор шавад ё шумо ягон тағйироти ахирро дар хусусиятҳои он мушоҳида намоед, ба духтур муроҷиат кунед.

Септолете тотал ҳамчун қурси макиданӣ ва спрей (дорупошак) истеҳсол мешавад. Ҳарду шакли доруро бузургсолон ва кудакони аз 6-сола боло истифода бурда метавонанд. Интихоби шакл ба афзалияти кудак вобаста аст: қурси макиданӣ дар даҳон оҳиста ҳал мешавад, дар ҳоле ки спрей  истеъмоли зуд ва осонро таъмин мекунад.

Ҳарду шакли дору  аз нишонаҳои аввали дарди гулӯ қудрати се баробар зиёди амалро таъмин мекунанд. Онҳо:

  • дардро зуд таскин мебахшанд,
  • илтиҳобро коҳиш медиҳанд,
  • сабабҳои сироятро бартараф мекунанд.

Занони ҳомила ва ширдеҳ аксар вақтҳо савол медиҳанд, ки кадом доруҳоро ҳангоми ҳомиладорӣ ё синамакконӣ истеъмол кардан бехатар аст. Дар хотир доштан зарур аст, ки ҳама гуна доруҳоро дар ин давра танҳо пас аз машварат бо духтур ё дорусоз истеъмол бояд кард.

Дар мағзаш чӣ бошад?

Қурси макидании Септолете тотал дар таркибаш қанд надорад, бино бар он ба беморони гирифтори диабети қанд муносиб аст.

Спирт  дар маҳсулот ҳамчун моддаи ёрирасон барои осон шудани ҳалшавии унсурҳои фаъол ва бо ин васила беҳтар кардани таъсир  ва бехатарии он илова карда шудааст. Ҳангоми истифодаи дору мувофиқи дастурҳо, миқдори спирти истеъмолшуда ночиз аст, бино бар ин онро барои кудакони аз 6-сола боло муносиб  мегардонад.

Пайвандҳо:
1. Кошир П. Таҳқиқоти муқоисавии эквивиаленти муолиҷавии  байни маҳсулоти санҷишӣ ва истинодӣ: омезиши вояи муқарраршудаи 3 мг хлориди бензидамин ва 1 мг хлориди сетилпиридиний дар беморони гирифтори дарди гулӯ, ки бо сироятҳои роҳҳои болоии нафас марбут аст. Сравнительное исследование терапевтической эквивалентности между исследуемым и референтным препаратом: фиксированная комбинация 3 мг бензидамина хлорида и 1 мг цетилпиридиния хлорида у пациентов с болью в горле, связанной с инфекциями верхних дыхательных путей. Мед Разгл 2015; 54 (3): 433–42. (ба забони  словенӣ.)
2. Эдди Д., Шепард А. Басомад, сабабҳо, вазнинӣ  ва табобати дарди гулӯ: саволу ҷавоби онлайн, ки чаҳор минтақаро фаро мегирад. Частота, причины, тяжесть и лечение дискомфорта в горле: онлайн-опросник, охватывающий четыре региона. BMC Ear Nose Throat Disord. 2012 Aug 10;12:9. doi: 10.1186/1472-6815-12-9. PMID: 22883470; PMCID: PMC3489867